Июл 30, 2020 11:30 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ ; БАРҶОМ замимаи қатъномаи 2231 и Шурои Амният аст

Намояндаи доими ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалл дар вокуниш ба иддаои амрикоиҳо ,ки БАРҶОМро бо Созмони Милалли Муттаҳид беиртибот медонанд гуфт ; БАРҶОМ замимаи қатъномаи 2231 и Шурои Амнияти ин Созмон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , МАҷиди Тахтиравончӣ дар ТВИТТЕР навишт ; Амрико бо зури расонаҳо иддао мекунад ,ки БАРҶОМ ҳеҷ мавзеи қонунӣ дар Созмони Милалл надорад аммо БАРҶОМ ба қатъномаи 2231 и Шурои Амният , замима шудааст ва Иёлоти Муттаҳида барои иҷроии ҳардуи онҳо вазифаҳои қонунӣ дорад.

 Тахтиравончӣ таъкид кард , модаи 2 қатъномаи 2231 Шурои Амният аз азои Созмони Милалл мехоҳад аз иҷроии БАРҶОМ ҳимоят кунанд аммо Амрико аз масулияти худ шонахолӣ мекунад.

Амрико ,ки 8 моҳи майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоташ зейли БАРҶОМ аз ин тавофуқи байналмилаллӣ хориҷ шуд , ҳамакнун бар ин иддао мутавасил шудааст ,ки БАРҶОМ як Паймони байналмилаллӣ нест ва иртиботе ба Шурои Амният надорад.

Ин иддао аз он ҷиҳат пайгири мешавад ,ки давлати Трамп дар паи он аст ,ки БАРҶОМро аз қатъномаи 2231 ҷудо ва дар идомаи мудаӣ шавад яке аз мушорикаткунандагон дар БАРҶОМ аст ва дар ин чорчуб ҳақ дорад ,ки аз созукорҳои матраҳ дар ин тавофуқ аз ҷумла механизми моша барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон истифода кунад.

Иддаое ,ки аз ҷониби Русия ва Чин ва ҳамчунин муттаҳидони аврупоии Амрико рад шудааст.

Бо наздик шудани замони лағви таҳримҳои таслиҳотии Созмони Милалли Муттаҳид алайҳи Эрон ,ки бахше аз қатъномаи 2231 Шурои Амният аст , амрикоиҳо талошҳояшон барои пешгири аз итмоми ин таҳримҳоро дучандон кардаанд.