Июл 31, 2020 13:57 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намози иди саиди Қурбон дар бархе шаҳрҳои Эрон

Намози иди саиди Қурбон субҳи имрӯз, ҷумъа дар чанд шаҳри Эрон бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ баргузор шуд.

Имрӯз – ҷумъа, даҳуми зилҳаҷҷаи 1441 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 31 июли 2020 мелодӣ, иди саиди Қурбон, аз идҳои бузурги мусулмонон аст.

Мардуми муъмин ва худоҷӯи Эрони исломӣ имрӯз бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар мусаллоҳо ва масоҷид ҳозир шуданд ва намози иди саиди Қурбонро барпо карданд.

Барои ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории Ковид -19, имсол дар шаҳрҳое, ки густариши вируси корона дар он бештар буд, намози иди саиди Қурбон иқома нашуд.

 

 

Барчасп