Фуруши пардаи хонаи Каъба бо ҳадафи муқобила бо бемории корона дар Эрон
Як тоҷири эронитабор эълом кард, ки пардаи хонаи Каъбаро бо ҳадафи муқобила бо бемории корона дар Эрон ба фуруш хоҳад гузошт.
Ба гузориши Садои Хуросон, Самия Нур, фаъоли иқтисодӣ ва тоҷири эронитабори сокини Аморот, ки муваффақ шуд бахше аз пардаи хонаи Каъбаро харидорӣ кунад эълом кард,ки онро дар ростои кумак ба мубориза бо бемории корона дар Эрон, ба фуруш хоҳад гузошт.
Ин фаъоли иқтисодӣ гуфт: Ин пӯшише, ки акнун дар ихтиёри ман аст, мутааллиқ ба маросими соли гузашта аст ва дар воқеъ, раванди музоида ва вогузории пардаи хонаи Худо тӯлонӣ аст ва аз замоне, ки пардаи қадимӣ аз рӯйи бинои Каъба боз мешавад ва то замоне, ки дар зилҳиҷҷаи соли оянда таҳвил мешавад, наздик ба як сол замон мебарад, яъне ҳамеша як пӯшиш дар дафтари ҳарамайн мавҷуд аст.
Хонуми Нур гуфт: Бархе бахшҳои пардаи Каъба қобили фурӯш нест, аммо бахше, ки ба музояда гузошта мешавад, ба сурати комил харидорӣ ва ба банда супурда шудааст.
Ӯ афзуд:Пардаи хонаи Худо фақат ба сарони кишварҳо ва ашрофи араб фурӯхта мешавад ва банда ҳам 8 моҳ талош кардам, то тавонистам дар ин музояда муваффақ шавам.
Ин фаъоли иқтисодии сокини Аморот гуфт: Яке аз дӯстонам, ки дар иртибот бо вазири беҳдошти Эрон аст, қарор шуда феҳристе аз бемористонҳоро барои эҳдои маблағи ҳосил аз музоида ба ман эълом кунад.
У гуфт: Тасмим дорад аз маблағи фурӯши пардаи хонаи Каъба ба хонаводаҳои бесарпараст ҳам кумак кунад.