Август 01, 2020 14:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия бар тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи ду кишвар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси ҷумҳури Туркия бар тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот дар бахшҳои мухталиф ба вижа дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси ҷумҳури Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раиси ҷумҳури Туркия, бо табрики иди саиди Қурбон ба давлат ва мардуми Туркия, ибрози умедворӣ кард  ду кишвар ҳамчунон, ки то кунун барои муқобила бо бемории корона дар канори ҳам будаанд, бо ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳо битавонанд талошҳои хубе барои маҳори ин беморӣ анҷом диҳанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба бархе масоил ва мушкилот дар минтақа, изҳори умедворӣ кард бо талош ва ҳамкории ҳамаи кишварҳои минтақа, субот ва оромиш дар сартосари минтақа барқарор шавад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки имрӯз Амрико дар ҳоли иҷрои таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эрон аст, таъкид кард: Бояд дар ин шароит кишварҳои дӯст ва ҳамсоя монанди Эрон ва Туркия беш аз пеш муносибот ва ҳамкориҳои худро тавсеа диҳанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раиси ҷумҳури Туркия низ дар ин гуфтугӯ бо табрики иди саиди Қурбон ибрози умедворӣ кард ин ид барои мардуми ду кишвар ва ҳамаи мусулмонони ҷаҳон муҷиби хайру баракат бошад.

Раиси ҷумҳури Туркия бо таҷлил аз талошҳои муваффақиятомези давлат ва миллати Эрон дар муқобила бо бемории корона, бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳо ва интиқоли таҷрибаҳо дар ин масир таъкид кард.