Август 01, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 30 миллиондолларии даромади полоишгоҳҳо бо нанокотолисти сохти муҳаққиқони эронӣ

Бо сохти нанокотолисти сохти муҳаққиқони эронӣ 30 миллион доллар даромади полоишгоҳҳо афзоиш ёфт.

Муҳаққиқони яке аз ширкатҳои донишбунёни мустақар дар парки технологии Пардис муваффақ ба тавлиди котолистҳои воҳиди руфурминг барои тавлиди бензин шудаанд ва ба гуфтаи онҳо аз онҷое, ки ин маҳсул воридотӣ аст ва бо гузашти 10 сол аз иҷрои таҳримҳо, умри муфиди ин котолистҳо ба поён расида, бино барин фурсати муносибе аст то ин маҳсули донишбнён дар воҳидҳои полоишгоҳӣ ба кор бурда шавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳамза Козирунӣ, мудири омили ин ширкати донишбунён бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир бештари котолистҳои мавриди истифода дар полоишгоҳҳо, воридотӣ аст, гуфт: Ду ширкати фаронсавӣ ва амрикоӣ беш аз 95 дарсад аз котолистҳои рифурминги ҷаҳонро тавлид мекунанд ва ҳарчанд Чин ва Русия низ маҳсулоте дар ин ҳавза доранд; аммо аз сифати болое бархурдор нест ва бар ин асос мо муваффақ ба тавлиди ин навъи котолист бо истифода аз технологии нано шудаем, ки амалкарди бисёр болое доранд.

Вай бо таъкид бар ин ки дар ҳоли ҳозир Амрико 80 дарсад аз бозори котолистҳои тавлиди бензин ва Фаронса 15 дарсади ин бозорро дар ихтиёр дорад, изҳор кард: Бо ҷойгузинии ин котолистҳо ба ҷои котолистҳои феълӣ дар полоишгоҳҳо, метавон даромади солонаи ҳар полоишгоҳро ба таври мутавассит 30 миллион доллар афзоиш дод; чаро ки ин котолисти наноӣ ба сурати мустақим рӯи тавлиди бензин асар мегузорд ва тавлиди бензинро тақрибан 8 дарсад нисбат ба котолистҳои феълӣ иртиқоъ медиҳад, ки ин мавзуъ муҷиби афзоиши даромади полоишгоҳҳо хоҳад шуд.

Котолист, гунае аст, ки энержии фаъолсозии вокуниш (энержии аввалия барои анҷоми вокуниш)-ро коҳиш дода ва дар натиҷа суръати вокунишро афзоиш медиҳад. Филизоти воситаи ҷадвали тановубии унсурҳо, роиҷтарин котолистҳо ҳастанд.