Корона ҷони коргардони барҷастаи синмои Эронро гирифт
Хусрав Синоӣ, коргардони саршиноси эронӣ бар асари мубтало шудан ба КОВИД-19 даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Хусрав Синоӣ, ки рӯзи шанбе якуми август дар 80 солагӣ даргузашт аз чанде қабл ба далели мубтало шудан ба КОВИД-19 ва уфунати рия дар бемористон бистарӣ шуда буд.
Синоӣ барои филми Аруси оташ, соҳби ҷоизаи беҳтарин филмнома аз ҳаҷдаҳумин ҷашнвораи филми Фаҷри Эрон шуд.
Вай дар соли 2008 муваффақ ба дарёфти нишони вижаи кишвари Полша аз раиси ҷумҳури ин кишвар шуд.
Синоӣ ин нишонро ба хотири сохти филми мустанади Марсияи гумшуда, ки ривоятгари муҳоҷирати ҳазорон полшаӣ ба Эрон дар солҳои 1941 ва 1942 аст, дарёфт кард.
Аббоси Солеҳӣ- вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар паёме даргузашти Хусрав Синоиро таслият гуфт.