Руҳонӣ : Эрон дар хунсо кардани тавтеаи душманон муваффақ будааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56052-Руҳонӣ_Эрон_дар_хунсо_кардани_тавтеаи_душманон_муваффақ_будааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табйини фурсатҳо ва чолишҳои иқтисодии кишвар гуфт: Эрон дар ду соли гузашта ба муваффақиятҳои бузурге дар хунсо кардани тавтеаи душманон даст пайдо кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 02, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ : Эрон дар хунсо кардани  тавтеаи душманон муваффақ будааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табйини фурсатҳо ва чолишҳои иқтисодии кишвар гуфт: Эрон дар ду соли гузашта ба муваффақиятҳои бузурге дар хунсо кардани тавтеаи душманон даст пайдо кардааст.

 «Ҳасан Рӯҳонӣ» Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат тасреҳ кард: воқеиятҳои иқтисодии кишвар нишон диҳандаи он аст, ки бо баҳрагирӣ аз тавоноиҳо ва зарфиятҳои иқтисодӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ҳама аркони кишвар ва инсиҷом дар мудирият ва иҷрои барномаҳои ҳамоҳанг метавон аз тангноҳои бесобиқаи ноши аз фишори ҳаддиаксарии душманон хориҷ ва дар ҷанги иқтисодӣ пирӯз шуд. 
 
 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба нақшаи роҳи тарроҳишуда дар иқтисоди калони кишвар, изҳор кард: ҳадафи аслии душманон дар таҳмили ҷанги иқтисодӣ эҷоди ҳаяҷонзадагӣ ва бебарномагӣ дар мудирияти кишвар аст. 
 
 Рӯҳониӣ афзуд: душманон интизор доштанд пас аз шуйӯъи карона ва маҳдудиятҳои ноши аз эъмоли таҳримҳои ғайриинсонии онон, иқтисоди кишвар дучори талотумҳои шадид ва ғайри қобили контрол шуда ва бо хатар мувоҷеҳ шавад. 
 
 Раиси  Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба муваффақиятҳои дастгоҳҳои иҷроияи кишвар дар ҳавзаи маишат, бозори сармоя ва арз, нақдинагӣ ва ироаи тасҳилот ба касб ва корҳои мухталиф дар ҷиҳати тақвияти тавлид бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳо, хотирнишон кард: ин иқдомот натиҷаи талоши шабонарӯзӣ барои сиёсатгузорӣ, мудирияти ситодӣ ва бахше, ҳамроҳии мардум ва амалкарди мусбати фаъолони иқтисодии кишвар аст. 
 
 Дар ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлати Эрон, нақшаи роҳи мудирияти иқтисоди калони кишвар дар 26 меҳвар ироа шуд ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.