Август 04, 2020 21:53 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи фархундаи мелоди Имом Ҳодӣ (а) гиромӣ бод!

Чоршанбе понздаҳуми зул-ҳиҷҷаи соли 1441 ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар бо панҷуми августи 2020 мелодӣ, солрӯзи валодати босаодати Ҳазрат Имом Али Ан-Нақӣ (а) аз пешвоёни бузурги ислом ва аз набераҳои гиромии Расули Худо(с) аст.

Имом Ҳодӣ (а) дар соли 212 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар наздикии шаҳри Мадина ба дунё омад ва таҳти роҳнамоии падари бузургворашон Имом Ҷавод (а) қарор гирифт.

Эшон баъд аз реҳлати падар, ӯҳдадори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуданд.

Имом Ҳодӣ (а) дар даврони ҳаёти нуронии худ дар муаррифии симои тобноки исломи ростин талоши бисёр карданд ва бо баргузории ҷаласоти бисёр дар бораи масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ ба суолоту тардидҳои матраҳшуда посух медоданд.

Илму дониши густурдаи Имом Ҳодӣ (а) аз як сӯ ва маҳбубияту ҷозибаи эшон миёни мардум аз сӯи дигар, буғзу кинаи ҳокимони Аббосиро нисбат ба ин гавҳари тобнок бармеангехт то инки, бо дасисаҳое он ҳазратро ба шаҳодат расонданд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати Ҳазрат Имом Али Ан-Нақӣ(а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) табрик мегӯяд.