Август 05, 2020 14:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон омодаи ирсоли кумакҳои пизишкӣ ба Лубнон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Теҳрон омодаи ирсоли кумакҳои пизишкӣ ва доруӣ ва дигар мусоидатҳои дармонии лозим ба Лубнон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба Мишел Ун, ҳамтои лубнонии хеш зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва мардуми Лубнон дар паи ҳодисаи ногувори таркиши маргбор дар бандари шаҳри Бейрут, барои даргузаштагони ин ҳодиса улуви дарҷот ва барои маҷруҳон саломатӣ ва шифои оҷил масъалат кард.

Рӯҳонӣ дар ин паём бар омодагии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби иқдомоти инсондӯстона барои ирсоли кумакҳои пизишкӣ ва доруӣ таъкид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои лубнонии худ омодагии Теҳронро барои ироаи ҳаргуна кумак ба Лубнон эълом кард.

Ҷорҷ Кеттане, раиси Салиби сурхи Лубнон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Карими Ҳимматӣ, раиси Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Бейрут ба кумакҳои инсондӯстонаи давлат ва Ҳилоли аҳмари Эрон ба осебдидагон ва маҷруҳон ниёзманд аст.

Ҳимматӣ низ зимни ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Лубнон, барои ҳаргуна кумак ва имдодрасонӣ ба ҳодисадидагон эъломи омодагӣ кард.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон то кунун дар паи ин таркиш дар бандари Бейрут  камаш 80 нафар кушта ва 4 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳилоли аҳмари Лубнон теъдоди куштаҳоро 100 нафар эълом кардааст.

 

Барчасп