Ирсоли нахустин бастаи кумакҳои Эрон ба Лубнон
Сухангӯи ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон аз ирсоли нахустин бастаи кумакҳои Эрон ба Лубнон шомили 9 тонна маводи ғизоӣ, дору ва лавозими пизишкӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Насирӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон бемористони RDH (саҳроӣ) дар Лубнон барпо мекунад.
Вай афзуд: Як тими пизишкии 22 нафара шомили мутахассисони умумӣ, уртупидӣ, беҳушӣ ва утоқи амал, кудакон, мағзу аъсоб, ҳамшираи шафқат, коршиноси утоқи амал ва коршиноси бемористони саҳроӣ асри имрӯз чаҳоршанбе бо як ҳавопаймо озими Бейрут пойтахти Лубнон мешаванд.
Насирӣ гуфт: Ин бастаи кумакҳои башардӯстонаи ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паи дархости Ҷорҷ Кеттане, раиси Салиби сурхи Лубнон аз давлат ва Ҳилоли аҳмари Эрон, барои осебдидагон ва маҷруҳони ҳодисаи таркиши бандари Бейрут ирсол мешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати шароити изтирории Русия низ аз эъзоми панҷ ҳавопаймои бузург барои кумак ба оворбардорӣ дар бандари Бейрут хабар дод.
Русия ҳамчунин теъдоде мутахассис ва васоили эминӣ ва муҳофизат дар баробари корона ба Лубнон ирсол кардааст.