Август 05, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

Ба муносибати идҳои саиди Қурбон ва Ғадири Хум, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти 2 ҳазору 135 нафар аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, созмони таъзироти ҳукуматӣ ва созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мувофиқат карданд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати фаро расидани идҳои саиди Қурбон ва Ғадири Хум дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин маҳкумонро, ки парвандаҳои онон дар комиссияи афв ва бахшудагӣ баррасӣ шуда ва воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 қонуни асосии мавриди қабули ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.

Даҳуми зилҳаҷҷаи 1441 ҳиҷрии қамарӣ (ҷумъаи гузашта), баробар бо 31 июли 2020 иди саиди Қурбон ё иди Азҳо аз аъёди бузурги мусулмонон буд.

Ҳамчунин, 18 зилҳаҷҷаи соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ (шанбеи ҳафтаи оянда) мусодиф бо 8 августи 2020 рӯзи иди саиди Ғадири Хум яке дигар аз аъёди бузурги мусулмонон аст.