Эътирози Эрон ба тааррузи ҷангандаҳои амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии эронӣ
(last modified Sat, 08 Aug 2020 15:53:09 GMT )
Август 08, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Эрон ба тааррузи ҷангандаҳои амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии эронӣ

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бо ирсоли номаи эътирозӣ аз Созмони Миллал хост то Амрикоро дар хусуси тааррузи ҷангандаҳои ин кишвар ба як ҳавопаймои мусофирбарии эронӣ масъул бишиносад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Маҷиди Тахти Равончӣ- намояндаи Эрон дар Созмони Миллал рӯзи шанбе гуфт, Эрон дар номаҳои мушобеҳе ба Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллал ва Шурои амнияти Созмони Миллал, шадидтарин эътирози худро нисбат ба иқдоми Амрико дар поймолсозии қавонини байналмиллалӣ иброз кард.

Тахти Равончӣ, иқдоми Амрико дар таарруз ба ҳавопаймои ғайринизомии Эрон бар фарози осмони Сурияро ғайриқонунӣ ва моҷароҷӯёна тавсиф кард ва афзуд: Эрон ин масъаларо аз тариқи ниҳодҳои байналмиллалӣ пайгирӣ хоҳад кард.

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллал бо баёни ин ки иқдоми ҷангандаҳои амрикоӣ поймолсозии ошкори амнияти ҳавоӣ ва озодии ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ тибқи конвансиони байналамиллалии ҳавонавардии ғайринизомии Чикаго аст тасреҳ кард: Иқдоми хатарноки ҷангандаҳои амрикоӣ ҳамчунин таҷовуз аз конвансиони Монреали 1971 аст.

Дар паи тааррузи ду ҷангандаи Амрико ба парвози 1152 ширкати ҳавопаймоии Моҳон дар осмони Сурия, ки 23 июл аз фурудгоҳи байналмиллалии имом Хумайнии Теҳрон озими Бейрут буд, теъдоде аз мусофирон ба далели аксулъамали халабон барои пешгирӣ аз бархурд бо ҷангандаҳои мутаарризи амрикоӣ, дучори ҷароҳат шуданд.