Август 09, 2020 08:48 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бемористони саҳроии Эрон дар Бейрут

Бемористони саҳроии Эрон бо ҳадафи хидматрасонӣ ба мардуми осебдида бар асари таркиши ҳавлноки бандари Бейрут дар пойтахти Лубнон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Фирӯзниё- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон рӯзи шанбе дар маросими ифтитоҳи бемористони саҳроӣ дар Бейрут гуфт: Теҳрон омодаи кумак ба Лубнон ва мушорикати фаъол дар бозсозии Бейрут пас аз таркиши ахир аст.

Фариди Муродиён, муовини беҳдошт, дармон ва тавонбахшии ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон низ, ки ба Лубнон рафтааст гуфт: Бемористони саҳроии зудбарпо (RDH)-и Эрон дар Бейрут, шомили бахшҳои ташхиси аввалия, ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳӣ, муроқибатҳои вижа, бистарӣ ва дорухона аст.

Эрон нахустин кишваре аст, ки пас аз эъломи омодагӣ барои ирсоли кумакҳои фаврии доруӣ ва ғизоӣ, як тими 37 нафараи пизишкӣ шомили мутахассисони умумӣ, ортопед, беҳушӣ ва утоқи амал, атфол, мағзу аъсоб, мутахассиси ҳамшираи шафқат, коршиноси утоқи амал ва коршиноси бемористони саҳроӣ ба Лубнон эъзом кард.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон, то кунун дар асари ин таркиш камаш 158 нафар кушта ва ҳудуди 5 ҳазор нафар захмӣ шуданд.