Зилзилаи 5,1 рихтерӣ ғарби Эронро ларзонд
(last modified Sun, 09 Aug 2020 15:27:45 GMT )
Август 09, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи 5,1 рихтерӣ ғарби Эронро ларзонд

Зилзилеи ба бузургии 5,1 дар миқёси амвоҷи дарунии замин (рихтер) зуҳри имрӯз (якшанбе) ҳаволии Қасри Ширин дар ғарби Эрон ва Хонақини Ироқро ларзонд.

Ба гузориши маркази ларзанигории кишвар, муассисаи геофизикаи донишгоҳи Теҳрон, ин зилзила соати 13: 46 дақиқа ва 19 сония дар умқи ҳашт ҳазор километрии замин ба вуқуъ пайваст.

Конуни ин заминларза Хонақини Ироқ эълом шуд.

Аз хасароти эҳтимолии ин заминларза гузорише мунташир нашудааст.