Август 10, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти масири транзитии Эрон -Афғонистон -Ӯзбекистон

Мудири кулли транзити гумрукии Эрон оғози амалиёти озмоишии масири транзитии Эрон-Афғонистон-Ӯзбекистонро эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, «Мустафо Оятӣ мудири кулли транзити гумруки Эрон гуфт: нахустин маҳмулаҳои транзитӣ аз гумруки Шаҳид Раҷоии Бандар-Аббос (ҷануб Эрон) ба василаи ду дастгоҳи комюн бо хуруҷ аз гумруки марзии Дуғорун ва убур аз Афғонистон ба мақсади Ӯзбекистон эъзом шуд. 
 Оятӣ афзуд: масири ҷадиди Эрон - Афғонистон - Ӯзбекистон метавонад ба унвони як масири ҷадиди кӯтоҳ ва камҳазина, нақши муассире дар тавсиаи тиҷорат ва ҳамкории минтақаӣ дошта бошад ва мунҷар ба афзоиши сулҳ ва амнияти пойдор дар Афғонистон шавад. 
Мудири кулли транзити гумруки Эрон ҳамчунин бо ишора ба эъзоми коло аз гумруки шаҳид Раҷоии Бандар-Аббос ба мақсади Ќирғизистон ва Тоҷикистон гуфт: дар 26 июл эъзом коло аз гумруки шаҳид Раҷоии Бандар-Аббос ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ бо муваффақият анҷом шуд. 
 Оятӣ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели дастрасӣ ба обҳои озод, иқтисодитарин масир барои транзити колоҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Барчасп