10 сол зиндон барои ду ҷосус дар Эрон
Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон аз судури ҳуми қатъии 10 сол зиндон барои ду ҷосуси Германия, Англия ва режими саҳюнистӣ хабар дод
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломмӯҳсин Исмоилӣ имрӯз сешанба дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт: Масъуд Мусоҳиб бо унвони дабири кулли анҷумани дӯстии Эрон ва Австрия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои режими Исроил ва сервиси ҷосусии Олмон ба 10 сол ҳабс маҳкум шуд ва ин ҳукм дар ҳоли иҷро аст.
Исмоилӣ афзуд: Масъуд Мусоҳиб иттилооти мухталиферо дар ҳавзаҳои мушакӣ, ҳастаӣ, дармонӣ ва нанофанноварӣ дар ихтиёри режими Исроил ва сервиси ҷосусии Олмон мегузошт.
Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон ҳамчунин гуфт: Шаҳром Шерхонӣ низ ба далели ҷосуси барои Англия дар ҳавзаҳои мухталиф ва дар проектҳои ҳассоси кишвар ба 10 сол ҳабс маҳкум шуд ва ин ҳукм низ дар ҳоли иҷро аст.