Август 13, 2020 08:19 Asia/Dushanbe
  • Тавсиаи Рӯҳонӣ ба Аврупо дар гуфтугу бо Макрун

Раиси ҷумҳури Эрон дар гуфтугу бо ҳамтои фаронсавиаш таъкид кард Аврупо набояд таҳти таъсири Амрико ,ки аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуда қарор дорад ва дар доми он кишвар биафтад.

Ба нақл аз ИРНА , Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чоршанбе дар тамоси телефонии Эмануел Макрун раиси ҷумҳурии Фронса ҳамчунин таъкид кард мутобиқи қатъномаи 2231 Шурои амният аз 18 октиябри 2020 бояд таҳрими таслиҳотии Эрон бардошта шавад.

Вай афзуд ; қатъномае ,ки амрикоиҳо ба Шурои амнияти Созмони Милаллӣ Муттаҳид пешниҳод додаанд қатъномаи 2231 и Шурои амниятро нақз мекунад ва ҳамаи кишварҳо ба вижа 4 + 1 бояд ба шиддат бо он мухолифат кунанд.

 Рӯҳонӣ ёдовар шуд Амрико ,ки беш аз ду сол аст аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуда ҳеҷ ҳақе барои истифода аз созукори ин тавофуқ надорад.

Раиси ҷумҳури Фаронса низ бо таъкид бар зарурати ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ гуфт ; дидгоҳи Фаронса бо Амрико дар мавриди тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон комилан мутафовит аст ва ин мавзу ба сироҳат ба Иёлоти Муттаҳида эълон шудааст.

Макрун ҳамчунин бо ишора ба шароити Лубнон ва сафараш ба ин кишвар , хостори кумаки Эрон барои ҳали буҳронисиёсии Лубнон шуд ва аз Теҳрон барои ҳузур дар гуруҳи Иқдоми байналмилаллӣ барои ҳали буҳрони сиёсии Лубнон даъват кард ,ки ин даъват мавриди истиқболи раиси ҷумҳури Эрон қарор гирифт.

Барчасп