Август 13, 2020 16:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар шикасти сиёсатҳои ғалати Амрико алайҳи Эрон

Як рӯзномаи Кореяи Ҷанубӣ навишт, сиёсатҳои зӯргуёнаи давлати Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи Кореяи Ҷанубӣ "Herald", рӯзи чаҳоршанбе Барномаи ҷомеи ҳамкории 25 солаи Теҳрон ва Пекинро ҳосили шикасти сангини сиёсати давлати Амрико дар қиболи Эрон донист.

Ин рӯзномаи Кореяи Ҷанубӣ менависад, пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқномаи байналмилалии БарҶом, ҳамкориҳои Чин ва Эрон густариш ёфта ва ин амр хашми Доналд Трампро барангехта ва бисёр нигарон аст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Трамп бо ин ҳама фишор ва сангинтарин таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон, муваффақ нашуд Теҳронро ба мизи музокирот бикашонад, вале натиҷаи ин фишорҳо, беҳтар шудани равобити Теҳрон бо Пекин будааст.

Рӯзномаи куриёӣ меафзояд, давлати Амрико фикр мекунад бо таҳримҳо метавонад Эронро водор ба бозгашт ба музокирот кунад ва ё боиси барандозии низоми ин кишвар шавад, аммо шурути Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар ин бора низ корро душвортар ва шикастро барои Вашингтон сангинтар кард.

 

 

Барчасп