Август 14, 2020 15:46 Asia/Dushanbe
  • 
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: шикасти режими саҳюнистӣ ногузир аст

Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо табрики чаҳордаҳумин солгарди пирӯзии ғурурофарини муқовимати исломии Лубнон дар баробари режими саҳюнистӣ, таъкид кард, шикасти режими саҳюнистӣ ногузир аст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар паёми чаҳордаҳумин солгарди пирӯзии ғурурофарини муқовамати исломии Лубнон дар баробари режими саҳюнистӣ дар ҷанги соли 2006-ро, ки шикасти таърихӣ ба режими ишғолгар ворид кард, ба миллат, давлат, артиш ва муқовамати Лубнон ва ба вижа дабири кулли Ҳизбуллоҳ, табрик гуфт. 
 
 Ин паём бо ишора ба ин, ки ҷанги 33 рӯза, символи истодагӣ ва қудрати мардуми Лубнон дар муқобили режими то дандон мусаллаҳи саҳюнистӣ буд меафзояд: ин пирӯзии бузург, ки дар сояи инсиҷоми дохилӣ миёни тавоифи мухталиф ва ҳамдили лубнониҳо ба даст омад, субот, амният ва иззатро барои Лубнон ва минтақа ба армуғон овард. 
 
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи ин, ки пойдории занон ва мардони лубнонӣ ва разми ҷавонони боғайрати муқовамат, дарси ибрате ба мутаҷовизон ва ҳомиёни террористи онон дод тасреҳ кард, бидуни тардид миллати Лубнон таъми ширини ин пирӯзиро ҳамвора ба хотир хоҳад дошт ва иҷоза нахоҳад дод амният, истиқлол ва ҳокимияти ин кишвар бозичаи дасти душманон шавад ва бо ваҳдат ва ҳамдилӣ, аз буҳрони кунунӣ убур хоҳад кард. 
 
 Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар канори миллат ва давлати Лубнон буда, ҳаст ва хоҳад монд. 
 
Ҷанги 33 рӯза миёни артиши режими саҳюнистӣ ва нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар июли 2006 оғоз шуд ва дар 14 август ҳамон сол бо пирӯзии Ҳизбуллоҳи  Лубнон ба поён расид. 
 
 Режим саҳюнистӣ бо таҳаммул хисорат ва талафоти сангин аз ин ҷанг ақибнишиниӣкард.

Барчасп