Тавсияи дипломати эронӣ ба Амрико: Ибрат бигиред
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба радди қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон таъкид кард Амрико бояд аз шикастҳои худ дарс бигирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ рӯзи шанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Режими Амрико бояд аз шикастҳои мутлақи худ дарс гирифта ва аз беобурӯ кардани худ дар Созмони Миллали Муттаҳид даст бардорад, дар ғайри ин сурат мунзавитар аз акнун хоҳад шуд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон пеш аз ин низ дар твитти дигаре навишт: Бо вуҷуди ҳамаи сафарҳо, фишорҳо ва даврагардиҳо, Амрико тавонист фақат як кишвари кӯчакро бо худ ҳамроҳ кунад. Дар таърихи 75 солаи Созмони Миллали Муттаҳид собиқа надоштааст, ки Амрико то ин ҳадд мунзавӣ бошад.
Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон шомгоҳи ҷумъа бо 11 овози мумтанеъ (Белгия, Эстония, Фаронса, Олмон, Индонезия, Нигер, Сант Винсент, Африқои Ҷанубӣ, Тунис, Англис ва Ветнам), ду овози мувофиқи Амрико ва Ҷумҳурии Доминикен ва ду овози мухолифи Русия ва Чин рад шуд.