Август 17, 2020 07:34 Asia/Dushanbe
  • Аморот кордори сафорати Эронро фаро хонд

Пас аз ҳимояти қотеъи Ҷумҳурии исломии Эрон аз миллати Фаластин ва маҳкум кардани тавофуқи Абузабӣ-Тел-Авив барои оддисозии робитаҳо, вазорати хориҷаи Аморот кордори сафорати Эронро фаро хонд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазорати хориҷаи Аморот рӯзи якшанбе эълом кард дар пайи таҳдидҳои матраҳшуда дар суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи тасмими давлати Аморот ва таҳдидоте, ки вазорати хориҷаи Эрон, Сипоҳи посдорон ва дигар мақомоти эронӣ такрор карданд, муовини вазири хориҷаи Аморот паёми эътирози шадидуллаҳнеро ба кордори Эрон таслим кард.

 Вазорати хориҷаи Аморот афзудааст: Робитаҳо миёни кишварҳо, қарордодҳо ва муоҳидаҳо як мавзӯъи ҳокимиятӣ аст.

Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико панҷшанбеи гузашта дар як паёми тветтирӣ аз ончи «тавофуқи таърихи»и Исроил ва Аморот барои оддисозии комили робитаҳои дуҷониба хонд, хабар дод.

Нозирон, коршиносон, миллатҳои мусулмон ва араб ва бархе давлатҳои исломӣ тавофуқи Аморот бо режеми саҳюнистиро дар ҷиҳати таъмини манофеъи интихоботии Трамп ва Натанёҳу ва хиёнат ба миллати Фаластин хонда ва онро маҳкум кардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе ба Аморот ҳушдор дод, агар пойи Исроилро ба минтақа боз кунад, вокуниши Эронро хоҳад дид.

 

Барчасп