Раванди ру ба коҳиши фавтиҳои корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56593-Раванди_ру_ба_коҳиши_фавтиҳои_корона_дар_Эрон
Шумораи ҷонбохтагони корона дар Эрон дар рӯзҳои охир раванди коҳишӣ ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Раванди ру ба коҳиши фавтиҳои корона дар Эрон

Шумораи ҷонбохтагони корона дар Эрон дар рӯзҳои охир раванди коҳишӣ ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: дар 24 соати гузашта, 165 нафар аз беморони Ковид-19 дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, ки нишон медиҳад дар рӯзҳои охир омори ҷонбохтагон корона дар Эрон раванди нузулӣ ёфтааст.

Бар асоси маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 19 ҳазору 804 нафар расидааст.

Ду ҳазору 247 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 низ дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи ин беморон ба 345 ҳазору 450 нафар расидааст: токунун 299 ҳазору 157 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.