Кашфи 13 скелет дар лояҳои пинҳони тахти Ҷамшед
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56599-Кашфи_13_скелет_дар_лояҳои_пинҳони_тахти_Ҷамшед
Бостоншиносони эронӣ дар умқи 6 метрии тахти Ҷамшед ёздаҳ скелети инсонӣ ва ду склет аз сагсонон кашф карданд.
(last modified 2026-05-30T09:04:10+00:00 )
Август 17, 2020 13:42 Asia/Dushanbe

Бостоншиносони эронӣ дар умқи 6 метрии тахти Ҷамшед ёздаҳ скелети инсонӣ ва ду склет аз сагсонон кашф карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори Садо ва Симо; дар шароити сахти рӯзҳои короноӣ бостоншиносони эронӣ илова бар лойрӯбии каналҳои зертахтгоҳи маҷмӯаи ҷаҳонии тахти Ҷамшед дар умқи 6 метрии замин ёздаҳ скелети инсонӣ ва ду скелет аз сагсонон кашф карданд. 
 
 Яке аз ковишгарон дар ин бора мегӯяд: ин скелетҳо ба эҳтимоли бисёри зиёд мутааллиқ ба давраи Ҳахоманишиён ҳастанд ва баррасии онҳо нишон медиҳад, ки эҳтимол дорад ин афрод ба қатл расида бошанд. 
 
 Ҳамчунин эҳтимол дода мешавад, ки ин афрод дар ҳодисаи ҳамлаи Искандари Мақдунӣ барои тасарруфи тахти Ҷамшед кушта шуда бошанд.