Август 18, 2020 09:45 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллаҳён: меҳвари мақомот тавтеаи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро дафъ мекунад

Дастёри вижаи раиси маҷлиси Эрон дар умури байналмилал бо ишора ба тавофуқи Аморот барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ гуфт: меҳвари мақомот бо қудрат ҳама касонеро, ки дар масири хиёнат қадам бармедоранд, расво ва тавтеаҳои онҳоро дафъ хоҳад кард.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,«Ҳусайн Амир Абдуллаҳён» дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал рӯзи душанбе дар вебинари байналмилалӣ "муқовимат ва муқобила бо саҳюнизми ҷаҳонӣ", ки ба мизбонии бунёди ҳимоят аз Фаластин дар Покистон баргузор шуд, тасреҳ кард: режими саҳюнистӣ омили нооромӣ ва бесуботӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст. 
 
 Амир Абдулаҳён ҳамчунин хотирнишон кард: Аморот бо оддисозии равобит бо режими ҷаълии Исроил ба дастоварде нахоҳад расид ва ҳаргиз бо ин иқдом ба пойдории сулҳ ва субот дар минтақа кӯмаке нашудааст. 
 
 Дар ин вебинари байналмилалӣ ҳамчунин бархе шахсиятҳои сиёсии Покистон ва бархе аз намояндагони маҷлис аз кишварҳои Баҳрайн, Туркия, Афғонистон, Малайзия ва Русия суханронӣ карданд. 
 
 Шахсиятҳои байналмилалии ширкаткунанда дар вебинари байналмилалӣ "муқовимат ва муқобила бо саҳюнизми ҷаҳонӣ", тавофуқи ҳокимони Аморот барои оғози равобити расмӣ бо режими саҳюнистӣ ва нодида гирифтаин ҳуқуқи миллати мазлуми Фаластинро бисёр хатарнок тавсиф ва таъкид карданд: паёмадҳои сангини ин иқдом, мутаваҷҷеҳи Аморот ва дигар кишварҳое аст, ки бо саҳюнистҳо табонӣ карда ва ҳаллу фасли одилонаи муноқишаи Фаластинро сахттар кардаанд.