Август 18, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Хиёнати Аморот ба ормони Фаластин бидуни посух нахоҳад монд

Раиси қувваи қазоияи Эрон, тавофуқи Аморот ва режими саҳюнистӣ барои оддисозии равобитро натиҷаи фиреб хурдани аморотиҳо донист.

 Ба гузориши радиои бурумарзии Садои Хуросон ,«Сайид Иброҳим Раисӣ» раиси қувваи қазоияи Эрон рӯзи душанбе бо хоинона хондани тавофуқи Абу- Даби ва Телавив, ба ҳокимони Аморот ҳушдор дод, мунтазири вокуниши мардуми боғайрати аморотӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон бошанд. 
 
 Раисӣ хотирнишон кард: хиёнати ҳокимони Аморот қобили гузашт нест ва бо гузашти замон ҳам пок нахоҳад шуд ва ҳамдастӣ ва ҳамроҳии Аморот бо режими кӯдаккуш ва мутаҷовизи Исроил аз чашми озодагони ҷаҳон махфӣ намемонад ва дар ёди миллатҳо хоҳад монд. 
 
 Раиси қувваи қазоияи Эрон ҳамчунин бо таъкид бар ин, ки истодагӣ ва муқовамат, як роҳбурди комилан асарбахш ва пурсамар аст, изҳор кард: иззат, ифтихор ва иқтидори Ҷумҳурии исломӣ дар сояи роҳбурди истодагӣ ва муқовимати ба дастомада ва ҳар миллате, ки ин роҳбурдро сарлавҳаи худ қарор диҳад, зиндагии иззатмандона, ифтихоромез ва муқтадирона хоҳад дошт. 
 
 Амрико, режими саҳюнистӣ ва Аморот панҷшанбеи гузашта бо интишори баёниае муштарак эълом карданд, Абу-Даби ва Телавив расман равобити худро оддӣ мекунанд. 
 
 Тавофуқи Исроил ва Аморот, мавҷе аз эътирозоти густурдаро аз сӯи гурӯҳҳои фаластинӣ, кишварҳои минтақа ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон дар пай доштааст.