Август 19, 2020 11:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили ройгони ним миллион табааи хориҷӣ дар Эрон

Вазири омӯзиш ва парвариши Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бидуни дарёфти кӯмаки молии беш аз ним миллион нафар аз атбои хориҷиро таҳти омӯзиш додааст.

«Мӯҳсини Ҳоҷӣ Мирзоӣ» вазири омӯзиш ва парвариши Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо Ирна дар бораи шароити таҳсили донишомӯзони атбои хориҷӣ афзуд: донишомӯзони атбои хориҷӣ дар канори донишомӯзони эронӣ таҳсил мекунанд ва аз ҳамон хадамоти донишомӯзони эронӣ бархурдор ҳастанд. 
 Ҳоҷӣ Мирзоӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳсили донишомӯзони атбои хориҷӣ дар Эрон дар замони шуйюи вируси корона гуфт: таҳсил дар шароити корона ҳам барои донишомӯзони табааи хориҷӣ тафовуте надорад, зеро сиёсати Эрон дар қиболи атбои хориҷӣ ва донишомӯзони эронӣ яксон аст. 
Бар асоси омори дафтари умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии вазорати кишвари Эрон, ҳудуди як миллиону 500 ҳазор паноҳанда ба сурати қонунӣ ва номнависишуда ва ҳудуди 2 миллион паноҳанда низ ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни мадорики ҳувиятӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд. 
Бештари ин паноҳндагон, афғонистонӣ ҳастанд. 
Дар чорчӯби таъкидҳои мукаррари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҳсили муҳоҷирони афғон қонунӣ ва ғайриқонунӣ дар Эрон ройгон аст ва аз хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ бидуни табъиз истифода мекунанд. 
 Мақомоти Созмони Милал ва афғон борҳо аз Эрон ба иллати мизбонӣ аз муҳоҷирони афғон қадрдонӣ кардаанд.