Август 19, 2020 15:47 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони КОВИД-19 дар Эрон аз 20 ҳазор нафар гузашт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Теъдоди ҷонбохтагон аз бемории КОВИД-19 дар Эрон аз 20 ҳазор нафар фаротар рафт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори беморони КОВИД-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 444 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 132 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ хадамоти лозимро дарёфт карданд.

Вай афзуд: Теъдоди маҷмӯъи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 350 ҳазору 279 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 302 ҳазору 528 нафар беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Хонуми Лорӣ ҳамчунин гуфт, дар 24 соати гузашта 153 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 20 ҳазору 125 нафар расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 22 миллиону 325 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 784 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 15 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд.