Август 20, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи коргоҳи тавлиди мотори турбореактивӣ дар Эрон

Коргоҳи тавлиди аввалин мотори турбореактивии миллии Эрон бо дастури раиси ҷумҳурӣ тавассути мудири омили Созмони саноеъи ҳавоии Вазорати дифоъи Эрон ифтитоҳ шуд.

 Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳурӣ ва  Амир Ҳотамӣ-вазири дифоъ ва пуштибонии нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар остонаи рӯзи милллии санъати дифоъӣ, Намоишгоҳи иқтидори паҳподии вазорати дифоъ ва коргоҳи тавлиди мотори турбореактивии «Авҷ»-ро ба сурати видеоконфронс ифтитоҳ карданд.

 Рӯҳонӣ дар ифтитоҳи коргоҳи тавлиди мотори миллии Авҷ, аз талошҳое, ки барои сохти ин мотори миллии турбореактивии сабук анҷом шуд, қадрдонӣ кард ва гуфт: Асли ин мотор дар соли 1395 (2016) рӯнамоӣ шуд ва ба самар нишаст ва имрӯз коргоҳи тавлиди ин мотор ифтитоҳ мешавад, ки барои мо бисёр аҳамият дорад.

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Маъмулан вақте кишварҳо эълом мекунанд, ки ҳавопаймосоз ҳастанд мақсуди онҳо сохти мотор нест, балки бол ва бадана аст ва моторро аз ҷойи дигар харидорӣ мекунанд. Аммо мо хушҳолем, ки дар сохти як ҷанганда ба таври комил ба худкифоӣ расидем.»

 Ҳамчунин имрӯз аз мотори турбофанӣ(турбовентлятори)и сабуки насли чаҳор, ки аввалин бор дар Эрон сохта шудааст ва низ ду маҳсули мушакӣ ба номи мушаки балластикии “Шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ” ва мушаки крузи “Шаҳид Абумаҳдӣ” рӯнамоӣ шуд.

 Ҷумъа 21-уми август дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи санъати дифоъӣ номгузорӣ шудааст.