Август 20, 2020 14:32 Asia/Dushanbe
  • Пуртакрортарин номи хонаводагӣ миёни эрониён чист?

Имрӯзҳо 83 миллион шаҳрванди эронӣ бо ҳудуди 10 ҳазор номи хонаводагӣ шинохта мешаванд, ки бархе аз ин номҳо дорои фаровонии бисёр зиёде ҳастанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам, сиюми мурдод 1313 хуршедӣ баробар бо 21 август 1934 мелодӣ интихоби номи хонаводагӣ ё шӯҳрат барои эрониён иҷборӣ шуд ва лақабҳои қадимӣ канор рафт. 
 
Пеш аз он низ дар соли 1297 хуршедӣ (1918 мелодӣ) яъне замони таъсиси идораи   сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мувофиқи моддаи 3 қонун пешбинӣ шуда буд, ки ҳар як падари оила барои худ номи махсус гирад ва насаберо барои фарзандонаш интихоб кунад. Аммо иҷрои ин қонун ба таври ҷиддӣ ва ҳамагир, 16 сол баъд дар сол 1313 хуршеди рух дод. 
 
Аз миёни номҳои хонаводагии эрониён, Муҳаммадӣ бештарин фаровониро дорад ва пас аз он Ҳусейнӣ, Аҳмадӣ, Ризоӣ, мМродӣ, Ҳайдарӣ, Каримӣ, Мусавӣ, Ҷаъфарӣ, Қосимӣ, Аббосӣ, Раҳимӣ, Иброҳимӣ, Зореъӣ, Маҳмудӣ, Ғуломӣ, Акбарӣ, Мирзоӣ ва Қурбонӣ ба тартиб бештарин фаровониро ба худ ихтисос додаанд. 
 
Дар низоми номи хонаводагӣ дар Эрон, занон пас аз издивоҷ низ бо номи хонаводагии падари худ хонда мешаванд.