Охирин омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56707-Охирин_омори_мубталоён_ба_КОВИД_19_дар_Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазору 200 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар Эрон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2020 15:12 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазору 200 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори беморони КОВИД-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 206 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 71 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ хадамоти лозимро дарёфт карданд.

Вай афзуд: Теъдоди маҷмӯъи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 354 ҳазору 764 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 305 ҳазору 866 нафар беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Хонуми Лорӣ ҳамчунин гуфт: Дар 24 соати гузашта 112 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 20 ҳазору 376 нафар расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 22 миллиону 885 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 797 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 15 миллиону 530 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.