Август 22, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Амрико судури раводид барои 14 мақоми эрониро маҳдуд кард

Вазири хориҷаи Амрико аз маҳдудияти судури раводид барои 14 мақоми эронӣ бо иддаои нақзи ҳуқуқи башар хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, бар асоси баёнияи матбуотии вазорати хориҷаи Амрико, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, маҳдудияти судури виза 13 дипломати эрониро шомил мешавад, ки ба иддаои Амрико дар як террори барномарезӣ шуда дар Швейтсария дар соли 1990 даст доштаанд.

Амрико ҳамчунин раиси собиқи зиндони Эвинро ба феҳристи касоне, ки бо маҳдудияти судури раводиди Амрико мувоҷеҳ хоҳанд шуд, изофа кардааст.

Амрико, ки ҳудуди дувуним пеш, аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуда ба ҳар иқдоме даст мезанад то бо ворид кардани фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон, Теҳронро маҷбӯр кунад тавофуқи ҷадидиро бо Вашингтон бипазирад.

Мақомҳои эронӣ дар муқобил борҳо таъкид кардаанд ҳеҷ музокираи ҷадидеро намепазиранд ва Амрико бояд ба тавофуқе, ки аз он хориҷ шуда баргардад.

 

Барчасп