Август 23, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Тақдими 164 шаҳиди мудофиаи саломат дар Эрон

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, охирин омори шуҳадои мудофиви саломат дар кишварро 164 нафар эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Саъид Намакӣ вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба муборизаи ҷомеаи пизишкии Эрон бо вируси корона гуфт: теъдоди шуҳадои сабтшуда аз ҷомеаи пишизкии Эрон то имрӯз 164 нафар будааст. 

Намакӣ ба охирин иқдомоти суратгирифта дар заминаи таъмини ваксинаи корона низ ишора кард ва афзуд: тимҳои мухталифе дар Эрон дар ҳоли кор бар рӯи тавлиди ваксина ҳастанд ва хеле аз озмоишҳои аввалия фаротар рафтаанд.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Эрон, 356 ҳазору 792 нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шулаанд, ки аз ин теъдод 20 ҳазору 502 нафар ҷон бохтаанд ва 307 ҳазору 702 нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахххас шудаанд.