Август 23, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи панҷуми Эрон дар сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ҷаҳон

Мудири кулли Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз рутбаи панҷуми ин кишвар дар сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо , генерал «Афшини Хоҷафард » мудиромили Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : муассисоти байналмилалӣ, ки тавони разми ҳавоии кишварҳоро арзёбӣ мекунанд ба Эрон дар ҳавзаи паҳподҳо ё ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин , рутбаи панҷумро миёни сойири кишварҳо ихтисос додаанд .
Генерал Хоҷафард бо ишора ба рутбаи чаҳордаҳуми Эрон дар миёни кишварҳои қудратманди Низомии ҷаҳонӣ афзуд : ин ҷойгоҳ  нишон аз қудрати низомии Эрон дорад .
 Мудиромили Созмони саноеъи ҳавоии Вазорати дифои Эрон бо таъкид бар ин, ки барои тақвияти тавони дифоии кишвар , нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ мунтазири лағви таҳримҳо нестанд тасреҳ кард : барои тақвияти қудрати боздорандагии кишвар , ҳар чизе, ки ба он ниёз бошад , қатъан дар дохил  таҳия хоҳад шуд .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ  Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ  31 августи  2016 дар ҷамъи вазир , масъулон , муҳаққиқон ва мутахассисони Вазорати дифои Эрон , афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумиро ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : дар ҷаҳоне, ки қудратҳои зургӯ , султагару дороии камтарини ҷавҳараи  ахлоқ , виҷдону инсоният ҳоким ҳастанду аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бе гуноҳ  ҳеч тарсе надоранд , тавсеаи ин саноеъи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст , зеро ин қудратҳо то иқтидори Эронро эҳсос накунанд , амният таъмин нахоҳад шуд .

Барчасп