Август 23, 2020 16:48 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Иқтисоди Эрон набояд ба таҳаввулоти хориҷӣ пайванд бихурад

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба масъулони эронӣ таъкид карданд набояд барномарезии иқтисодӣ барои кишвар, маътали бекор кардани таҳримҳо ё натиҷаи интихоботи фалон кишвар шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ субҳи рӯзи якшанбе ба муносибати ҳафтаи давлат дар Эрон, дар иртиботи тасвирӣ бо раиси ҷумҳурӣ ва аъзои давлат таъкид карданд: Боя биноро бар ин гузошт, ки тааҳримҳо ба унвони мисол то 10 соли дигар идома дорад, бинобарин бояд бар зарфиятҳо ва имконоти дохилӣ тамаркуз кард ва масоили иқтисодии кишвар набояд мукул ба таҳаввулоти хориҷӣ шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба нокомии мактабҳои мухталифи башарӣ барои идомаи ҷомеа, аз Амрико ба унвони як улгуи воқеан шикастхурда ёд карданд ва гуфтанд: Арзишҳои башарӣ монанди саломат, адолат ва амният аз ҳамаҷо бештар дар Амрико поймол мешавад.

Ишон афзуданд: Илова бар ин мушкилоти дохилӣ ва мудириятӣ, қатл, ҷангафрӯзӣ ва эҷоди ноамнӣ ҷузви корҳои ройиҷи имрӯзи амрикоиҳо дар Сурия, Фаластин ва Яман ва қаблан дар Ироқ, Афғонистон ва минтақаҳое мисли Ветнам ва Ҳирошима аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳузури афроде дар раъси Амрикоро, ки мояи таҳқири он кишвар ҳастанд, нишонаи дигаре аз шикасти улгуҳои башарӣ ва ормоншаҳри рӯ ба заволи ғарбзадаҳо баршумурданд ва гуфтанд: Улгуи мустақили ислом барои низомсозӣ ва ҷомеасозӣ бар се пояи "имон, илму адл" устувор аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар баахши поёнии суханонашон бо ишора ба фарозе аз суханони амиралмуъминин Алӣ алайҳиссалом бар асоси ин ки агар муъминон даст аз ёрии якдигар бардоранд, шикаст мехуранд, афзуданд: Ин дарсе барои башарият ва ҳамаи муъминон аст ва имрӯз низ, ки душман ба таври доим дар ҳоли тарроҳӣ аст, дар муқобили он бояд нақша ва барнома дошт.

Барчасп