Август 24, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз дастгоҳи ташхиси сариъи корона дар Эрон

Муҳаққиқони донишгоҳи Теҳрон муваффақ ба сохти дастгоҳе шуданд, ки бо тарашшуҳоти ҳалқии бемор метавонад бемори мубтало ба Ковид-19-ро ташхис диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Муҳаммад Абдулаҳад муҳаққиқи озмоишгоҳи дастгоҳҳои наноэлектроникаи факултети электротехникӣ ва компютерии донишгоҳи Теҳрон имрӯз, душанбе, дар маросими ифтитоҳи ин дастоварди илмӣ гуфт: дар беморони короноӣ, ҳатто вақте ки нишонаҳои беморӣ ҳанӯз муайян карда нашудаанд, миқдори оксигенҳои реактивӣ дар балғами бемор тағйир меёбад ва ин сенсор метавонад ин нишондодро барои муайян кардани мавҷудияти беморӣ истифода барад.

Вай дар бораи тавсеаи ин фановарӣ ва тиҷорисозии он гуфт: ин тарҳ дар марҳилаи тиҷорисозӣ қарор гирифта, ва тавлиди анбуҳ расида ва то кунун ин фановарӣ рӯи беш аз 600 бемор дар чанд бемористони Теҳрон озмоиш шуда ва натоиҷи мусбате ба даст омадааст.

Ин муҳаққиқи эронӣ ҳамчунин гуфт: ин дастгоҳ танҳо барои ташхиси вируси Ковид-19 нест, балки барои ташхиси дигар бемориҳои шуш низ қобили истифода аст..

Барчасп