Беҳбудии беш аз 311 ҳазор бемори короноӣ дар Эрон
(last modified Mon, 24 Aug 2020 12:09:40 GMT )
Август 24, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 311 ҳазор бемори короноӣ дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро беш аз 311 ҳазор нафар эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар гуфт: дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 245 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 361 ҳазору 150 нафар расидааст афзуд: дар 24 соати гузашта 133 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даси доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 20 ҳазору 776 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдоши Эрон, токунун 311 ҳазору 365 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.