Эрон: хориҷ аз тааҳудотамон хостаеро намепазирем
Раиси Созмони энержии атомии Эрон дар нишасти муштараки хабарӣ бо мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Теҳрон гуфт, ки Эрон зери бори хостаҳои хориҷ аз тааҳудоти худ намеравад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна, Раиси созмони энержии атомии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ ва мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ Рафаэл Гроссӣ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон , музокироти ду тарафро созанда арзёбӣ карданд .
Солеҳӣ дар ин нишасти матбуотӣ гуфт: қарор шуд ожонс кори худро касбӣ ва мустақилона анҷом медод ва Эрон бояд дар доираи вазифаҳои худ амал кунад.
Солеҳӣ гуфт бо омадани Гроссӣ ба Теҳрон , фасли навин аз ҳамкории байни Эрону ожонси байналмилалии энержии атомӣ оғоз шуда аст ва умедвореми ҳамкории ду тараф беш аз пеш густариш ёбад .
Рафаэл Гроссӣ мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ гуфт : нуфузӣ бар ожонси байналмилалии энержии атомӣ нест, вале фишор ҳаст .
Гроссӣ бо таъкид бар ин, ки ожонси байналмилалии энержии атомӣ то ҷое, ки битавонад иҷоза намедиҳад фишорҳои сиёсӣ бар фаъолияташи таъсир бигузорад афзуд : « иҷоза нахоҳам дод бархе аз ожонс барои аҳдофи худ сӯиистифода кунанд.»
Мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар посух ба саволе дар бораи барномаи ҳастаии Арабистон низ гуфт : қарор аст барномаи ҳастаии ин кишвари таҳти назорати бозрасони ожонс қарор гирад .