Август 26, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба шикасти дубораи Амрико алайҳи Эрон дар Шӯрои Амният

Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ба мавзеи раиси давраии Шӯрои Амният дар бораи иқдоми Амрико барои бозгардондани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муҳаммадҷавод Зариф рӯзи сешанбе пас аз он, ки Шӯрои Амният эълом кард дархости Амрикоро барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи эрон баррасӣ намекунад, дар ҳисоби Твиттерии худ навишт: "зургӯии қонунгурезонаи Пампео як бори дигар Амрикоро мунзавӣ кард: бо он, ки Иёлоти Муттаҳида монеи ройзанӣ дар Шӯрои Амният дар бораи иблогияи ғайриқонуниаш дар рӯзи ҷумъа шуд, аъзои ҳозир дар нишасти имрӯзи ин шӯро дар бораи масоили Ховари Миёна, талоши Амрикоро ботил ва беасар донистанд.

Зариф афзуд вақти он аст Доналд Трамп аз гӯш супурдан ба зургӯёни тозакор, даст бардорад.

Диан Ҷанӣ, раиси кунунии Шӯрои Амнияти Созмони Милал, рӯзи сешанбе аз тавофуқи назар надоштани ҳамаи аъзои Шӯрои Амният дар бораи нақшаи Амрико дар мавриди барқарор кардани таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон  хабар дод ва гуфт, ки ин шӯро дар ҷойгоҳе нест, ки иқдоми бештаре дар бораи дархости Амрико анҷом диҳад.

Барчасп