Арзёбии мусбати Теҳрон ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ аз ҳамкориҳои мутақобил
Рафаэл Гросси- мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи сешанбе дар Теҳрон бо раиси Ожонси энержии атомӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ҳамкориҳои Эрон ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳамвора бар мабнои тааҳудоти байналмиллалӣ ва дар чорчуби техникӣ ва ҳирфаӣ будааст, аммо таъсирпазирии ожонс аз фишорҳои чанд соли ахири Амрико барои сӯистифода аз он алайҳи Эрон, саволҳо ва ибҳомотеро матраҳ сохта, ки музокироти Гросси дар Теҳронро шояд битавон посухе ба бахше аз ин ибҳомот донист.
Арзёбии дақиқи натиҷаҳои аввалин сафари Рафаэл Гросси ба унвони мудири кулли ожонс ба Эрон ба замони бештаре ниёз дорад бо ин ҳол натиҷаи музокироти Гросси бо Алиакбари Солиҳӣ, раиси Созмони энержии атомӣ ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳокӣ аз се нуктаи қобили таваҷҷуҳ аст:
Нуктаи аввал, таъкиди ду тараф бар шуйюи фасли навине аст, ки дар он ҳамкориҳои Эрон ва ожонс беш аз пеш хоҳад шуд. Нуктаи дуввум, созанда тавсиф шудани гуфтугӯҳои техникӣ ва подмонии ҳайати ожонс дар Теҳрон аз назари ду тараф ва таъкид бар ин нуктааст, ки ожонс кори худро ба сурати ҳирфаӣ ва мустақил пеш бубарад. Аммо нуктаи севвуми шаффофсозии интизороти мутақобили Эрон ва ожонс аст.
Ин нуктаҳо нишон медиҳанд, ки сафари мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон созанда буда, аммо аз дидгоҳе дигар, таҷриба нишон медиҳад, ки амалкарди ожонс дар мавзӯи ҳастаии Эрон ҳеҷгоҳ ба дур аз сиёсикорӣ набудааст. Шояд ба ҳамин иллат аст, ки Гросси дар нишасти хабарии муштарак бо раиси Созмони энержии атомии Эрон бо ин пурсиши хабарнигорон рӯбарӯ шуд, ки аз замони рӯи кор омадани вай таомули ожонс бо Эрон сиёсӣ шудааст.
Судури қатъномаҳои сиёсӣ бо истинод ба иддаоҳои сохтагии Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки худ аз поймолкунандагони муоҳидоти ҳастаӣ ҳастанд таиде бар ҳамин воқеият аст. Мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ низ дар нишасти хабарӣ эътироф кард, ки фишор бар ожонс ҳаст, аммо то ҷое, ки битавонанд иҷоза намедиҳанд ин фишорҳо таъсир бигузорад.
Дар маҷмуъ нахустин сафари мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар фазое, ки сиёсатҳои танишзои Амрико яке пас аз дигарӣ бо шикаст ру ба ру шуда, метавонад фасли нав дар ҳамкориҳои Теҳрон ва ожонс бошад. Бар ҳамин асос ду тараф ибрози умедворӣ карданд, ки бо ҳалли ихтилофоти мавҷуд бар пояи эътимоди мутақобил, ҳамкориҳои Эрон ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар чорчуби муқаррароти подмонӣ ва бар мабнои ҳусни ният идома ёбад ва албатта масоиле низ вуҷуд дорад, ки бояд ҳаллу фасл шавад.