Август 26, 2020 17:38 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо моҳи муҳаррам, парчамҳои азои ҳусайнӣ (а) бузургтарин бозори сарпӯшидаи ҷаҳонро дар шаҳри Табрез, маркази устони Озарбойҷони Шарқӣ, дар шимоли ғарби Эрон сиёҳпӯш кардааст.

Бар асоси суннати ҳарсола, дар айёми моҳи муҳаррам аснофу мағозадорони бозори сарпӯшидаи Табрез дар сардари сароҳо, долонҳову мағозаҳо, парчамҳои азои ҳусайнӣ (а) - ро насб кардаанд.

Маросими азодории ҳусайнӣ (а) дар бузургтарин бозори сарпӯшидаи ҷаҳон аз маъруфтарин азодориҳо дар Эрон ба шумор меравад, ки имсол ба сабаби пешгирӣ аз густариши вируси корона лағв шудааст.