Эъломи омодагии Эрон барои кӯмак ба селзадагони Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56905-Эъломи_омодагии_Эрон_барои_кӯмак_ба_селзадагони_Афғонистон
Раиси Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз омодагӣ барои кӯмак ба селзадагони Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 27, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Эрон барои кӯмак ба селзадагони Афғонистон

Раиси Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз омодагӣ барои кӯмак ба селзадагони Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Карим Ҳимматӣ рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонӣ бо Мирвайс Акрам, муовини Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон зимни ибрози таслият ва ҳамдардии миллат ва давлати Эрон бо хонаводаҳои ҷонбохтагони сели ахир дар Афғонистон гуфт, Эрон омодаи хидматрасонӣ ба селзадагони Афғонистон аст.

Мирвайс Акрам, муовини ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо қадрдонӣ аз эъломи омодагии Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, қарор аст фардо мизони хисорот аз сел баровард ва ниёзҳои изтирории селзадаҳо эълом шавад ва бар асоси он навъи кӯмак ва ақломи мавриди ниёз ба Эрон эълом хоҳад шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул низ бо судури иттилоияе маротиби таслият ва ҳамдардии худ бо миллат ва давлати Афғонистон бавижа хонавондаҳои қурбониён ва осебдидагони ин ҳодиса эълом кард.

Селоби шадид бомдоди чоршанбе дар шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвони Афғонистон ҷорӣ шуд.

Бино бар эъломи манобеи хабарии Афғонистон дар ин ҳодиса 100 нафар кушта ва 120 нафар масдум шуданд ва беш аз 500 манзили маскунӣ вайрон шуд.