Август 27, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раҳбари муаззами инқилоб аз шоири эронӣ

Афшин Ало, шоир ва нависандаи эронӣ пас аз имзои тавофуқномаи ҳокимони Иморот ва режими саҳюнистӣ шеъре хитоб ба ҳокимони араб суруд, ки аз сӯи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мавриди қадрдонӣ қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме зимни қадрдонӣ аз Афшин Ало, шоир ва нависандаи эронӣ хотирнишон карданд: “шеъре, ки хитоб ба ҳокимони араб сурудед, бисёр ба ҷо ва ба мавқеъ буд”.

Афшин Ало дар ин шеър бо ишора ба шикастҳои таҳқиромези режими саҳюнистӣ аз ҷараёни муқовимат дар минтақа, созиши бархе ҳокимони кишварҳои минтақа бо саҳюнистҳоро маҳкум мекунад.

Дар пайи талошҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равбит байни  Иморот ва режими саҳюнистӣ ахиран Абу Забӣ ва Тел Авив бар сари оддисозии комили равобити дипломатӣ  ба тавофуқ расиданд.

Тавофуқи Исроил ва Иморот мавҷе аз эътирозоти густардаро аз сӯи гурӯҳҳои фаластинӣ, кишварҳои минтақа ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон дар пай доштааст.

Абёти оғозини шеъри Афшин Ало бо унвони “ба ҳокимони араб”, ки дар канали “Телегром”-и худ мунташир кардааст:

Шере, ки барозандаи фахр аст ва мубоҳоти Саид Ҳасан оё? Ё шайхи Иморот?

Ин дода чу қуввода ба ишраткада, равнақи он гашта, вале қоиди Аҳрор ба Шомот

Он пухта сухан гӯяд бо такя ба Қуръон, ин хом вале чун шутурон, ҳомили Таврот

Он ларза дарафканда ба аркони Тел-Авив, ин бо тани ларзон шуда пинҳон ба Иморот

 

Барчасп