Лорӣ: Ҳудуди 317 ҳазор нафар аз беморони куруноӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд
Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории куруноӣ дар кишварро ҳудуди 317 ҳазор нафар эълом кард.
Симо Содот Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси куруно дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 190 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 63 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 367 ҳазору 796 нафар расидааст, афзӯд, дар 24 гузашта, 117 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 21 ҳазору 137 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, токунун 316 ҳазору 638 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба куруно дар ҷаҳон низ ба беш аз 24 миллион нафар расида, ки аз ин теъдод дастикам 830 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 17 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.