Август 29, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Имшаб дар саросари Эрон фарёди

Ҳамзамон бо шаби Ошуро имшаб фарёди ҳаммосӣ ва наҷотбахши "Лаббайк ё Ҳусейн"-и миллати ҳусейнии Эрон дар осмони Эрони исломӣ танинандоз мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; ҳамзамон бо шаби даҳуми моҳи муҳаррам, шаби шаҳодати сарвари озодагони ҷаҳон Имом Ҳусейн (а) ва ёрони диловараш - Ошурои Ҳусейнӣ - мардуми Эрони исломӣ соати 21:00 (имшаб) ба сурати саросарӣ аз пушти бом ва тирезаи хонаҳо, муаззини масҷидҳо ва ҳайатҳои мазҳабӣ, дар талаби хуни ба ноҳақ рехташудаи имоми шаҳидашон, ошиқона фарёди "Лаббайк ё Ҳусейн" сар медиҳанд.

Имсол бо таваҷҷӯҳ ба маҳдудиятҳои ношӣ аз шуйюи вируси корона , маросими азодории муҳаррам бо риояти тамоми  дастурҳои беҳдоштӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор шуд.