Август 30, 2020 16:21 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ якпорча ғарқ дар мотам шуд

Бо фаро расидани ошуро, рӯзи эҳтизози пурғурури парчамҳои сурхи озодагӣ, шӯри ҳусайнӣ саросари Эрони исломиро фаро гирифт.

Мардуми азодори Эрони исломӣ, дар рӯзи ошурои ҳусайнӣ (а) бо ташкили дастаҳои синазанӣ ва занҷирзанӣ барои мазлумияти шаҳидони Карбало азодорӣ мекунанд.

Гурӯҳҳои мухталифи мардум аз пиру ҷавон ва зану мард бо ширкат дар ин маросим дар ғами шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) азодорӣ мекунанд ва бар сару сина мезананд.

Ашку андӯҳ барои мусибат ва ситаме, ки фарзандони шайтон бар ашрафи аввлоди одам раво доштанд, дар канори фарёди дур бод нангу зиллат аз мо, маросими рӯзи ошуроро дар ҳар такя ва ҳусайнияе пуршукуҳ ва илҳомбахш кардааст.

Дастаҳо ва гурӯҳҳои азодорӣ дар сафҳои муназзам ва риояти протоколҳои беҳдоштӣ аз нахустин соатҳои субҳи имрӯз ба занҷирзанӣ, синазанӣ ва навҳахонӣ пардохтанд ва дар азо ва мотами сарвару солори шаҳидон ва ёрони бовафои ишон ашки мотам рехтанд.

Имсол ҳайатҳо, масоҷид ва такяҳои азодорӣ дар саросари Эрон ба иллати шуйюи вируси корона, маросими худро дар фазои боз ва бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ баргузор карданд.

Имрӯз якшанбе даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, (30 августи 2020), рӯзи ошурои ҳусайнӣ аст.

Рӯзи даҳуми муҳаррам, солрузи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а) имоми севуми шиаён аст, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ, шаҳид шуданд.

 

Барчасп