Август 30, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Хондани намози зуҳри ошуро дар саросари Эрон

Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ, намози зӯҳри ошуроро ба ёди сарвару солори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусайн (а) хонданд.

Азодорони ҳусайнӣ аз соатҳои аввалияи имрӯз якшанбе бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ, ки аз сӯи ситоди миллии корона эълом шуд, ба азодорӣ ва сӯгворӣ барои сайиду солори шаҳидони Ҳусайн ибни Алӣ (а) пардохтанд.  

Намози зӯҳри ошуро, ки аз аҳамияти вижае бархурдор аст дар саросари Эрон бо ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ дар ҳайатҳо ва маконҳое, ки маросими азодорӣ дар онҳо баргузор мешуд, хонда шуд.

Имрӯз якшанбе даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, (30 августи 2020), рӯзи ошурои ҳусайнӣ аст.

Рӯзи даҳуми муҳаррам, солрузи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а) имоми севуми шиаён аст, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ, шаҳид шуданд.

 

Барчасп