Тадовуми раванди коҳишии мубталоён ва фавтидагони корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56957-Тадовуми_раванди_коҳишии_мубталоён_ва_фавтидагони_корона_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо эъломи тадовуми раванди коҳиши мубталоён ва фавтидагони корона, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро беш аз 321 ҳазор нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 30, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми раванди коҳишии мубталоён ва фавтидагони корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо эъломи тадовуми раванди коҳиши мубталоён ва фавтидагони корона, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро беш аз 321 ҳазор нафар эълом кард.

Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, як ҳазору 754 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 718 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯъи беморони КОВИД- 19 дар Эрон ба 373 ҳазору 500 нафар расидааст, афзуд: Мутаассифона дар 24 соати гузашта, 103 нафар аз беморони КОВИД- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 21 ҳазору 462 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 321 ҳазору 421 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 25 миллиону 190 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 847 ҳазору 200 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 17 миллиону 542 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.