Беҳбудии беш аз 323 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Mon, 31 Aug 2020 11:14:00 GMT )
Август 31, 2020 16:14 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 323 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро беш аз 323 ҳазор нафар эълом кард.

Симо Содот Лорӣ рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта як ҳазору 642 бемори ҷадиди Ковид – 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 573 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзи онон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 375 ҳазору 212 нафар расидааст ва то кунун 323 ҳазору 233 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Вай афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 109 нафар аз беморони Ковид – 19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 21 ҳазору 571 нафар расида аст".

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 25 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти‌кам 850 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 18 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.