Август 31, 2020 22:12 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати имом Саҷҷод (а) таслият бод

12 муҳаррами 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1 сентябри 2020 милодӣ ба ривояте мусодиф бо солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод(а) аз наберагони поки ҳазрати Расул (с) аст.

Имом Саҷҷод бо баҳрабурдан аз забони дуо ва хитоба, ба иршод ва роҳнамоии мардум мепардохтанд ва ҳосили андешаҳои маърифатшиносонаи вай дар қолаби ниёиш ва дуо дар китоби “Саҳифаи Саҷҷодия” гирдоварӣ шудааст.

Имом Алӣ ибни ал Ҳусайн(а) дар шаъбони соли 38 ҳиҷрӣ дар Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва ба муддати 23 сол аз сарчашмаи дониши падари гиромишон имом Ҳусайн(ъа) баҳраманд шуданд.

Вай ба иллати посухи дақиқ ба ҳар пурсиш ва фузунии ибодат ва ниёиш, Сарвар ва зинатбахши ибодаткунандагон ном гирифтанд.

Имом Саҷҷод(а) ба иллати беморӣ натавонистанд дар ҳамосаи Ошӯро ҳузур ёбанд, аммо бо вуҷуди чунин шароите ҳамчунон ба дифо аз ҳаққонияти Ислом пардохтанд.

Эшон пас аз шаҳодати имом Ҳусейн(а) ва бо бар ӯҳда гирифтани рисолат, дар расондани паёми ҳамосаи Ошуро ба ҷаҳониён бисёр кӯшиданд ва бо хондани хут баҳое машҳур ва кубанда, дар расво сохтани душманон ва дифоъ аз аҳли байт (а), нақши бисёр муҳимеро ифо карданд.

Имом Саҷҷод (а), пешвои тақво ва бурдборӣ дар 55 солагӣ ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик дар Мадина масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Пайкари мутаҳҳари эшон дар оромгоҳи Бақиъ дар канори амӯи бузургворашон, имом Ҳасани Муҷтабо (а) ба хок супурда шуд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯяд.

Барчасп