Ҷойгоҳи бартари дифои зиддиҳавоии Эрон
Ҷумҳурии исломии Эрон аз назари нишондодҳои дифоъӣ ва боздорандагии низомӣ, кишвари қудратманд дар минтақаи ғарби Осиё аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин нишондодҳо, акнун Эрон бо бумисозии модернтарин мушакҳо ва таҷҳизоти низомӣ ва системаҳои дифои зиддиҳавоӣ(падофанд) ва мушакӣ дар ҷойгоҳи бартар дар минтақа қарор гирифтааст.
Сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мусавӣ- фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори Алиризо Сабоҳифард- фармондеҳи нируи дифои зиддиҳавоӣ, ки ҳамзамон бо 31 август,рузи дифои зиддиҳавоӣ анҷом шуд, бар аҳамияти ин ҷойгоҳ таъкид кард. Дифои зиддиҳавоии Эрон тайи солҳои пас аз инқилоб ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе дар заминаҳои мухталифи дифои ҳавоӣ аз ҷумла радарӣ, мушакӣ ва сомонаҳои иртиботӣ даст пайдо кардааст. Дар ин замина метавон ба сохти навъҳои сомонаҳои радарӣ ва дифои зиддиҳавоии пешрафтае монанди сомонаи “15 хурдод” ва сомонаҳои мушакӣ ва падофанди Сайёд 2 ва 3 ишора кард.Сомонаи " Бовар 373" низ аз дигар дастовардҳои арзишманд дар солҳои ахир аст, ки мутобиқ бо дониш ва фановариҳои падофанди рӯзи дунё тарроҳӣ ва сохта шуда аст. Рӯнамоӣ ва амалиётӣ шудани «Бовар 373» дар ҳавзаи падофанди бурди баланд, як ҷаҳиши бузург дар арсаи тарроҳӣ ва сохти сомонаҳои мушаки падофанди ҳавоӣ дар Эрон чӣ аз ҳайс радарӣ ва чӣ мушакӣ маҳсуб мешавад .Ин сомонаҳои қудратманд короии худро борҳо нишон додаанд.
Шиносоии паҳподи пешрафтаи амрикоӣ аз хонаводаи "rq-4 global hawk" дар июни 2019 ва ирсоли иттилооти он ба сомонаи “Севуми хурдод” барои безараргардонии он, муҳри таъйиде бар тавонмандии радарҳои пешрафтаи эронӣ аст.
Ҷереми Бинии - аз коршиносони масоили низомӣ дар ҳафтаномаи дифоъии Ҷинз бо ишора ба қудрати падофанди ҳавоии Эрон мегӯяд : Ин қудрати падофандӣ ба хубӣ нишон медиҳад вақте эрониҳо воқеан рӯйи проекте сармоягузорӣ мекунанд метавон ба воқеъ рӯйи он ҳисоб кард. Мо ин мавзӯъро дар бораи мушакҳои баллистикии онҳо медонистем, вале зоҳиран дар хсуси сомонаи падофанди ҳавоии Эрон низ вазъият ба ҳамин гуна аст.
Шабакаи телевизионии CNN як сол қабл дар гузорше бо унвони " Сарнагунии паҳподи 110 миллион долларии Амрико чӣ иттилооте дар бораи Эрон ба мо медиҳад? " навишт: Амрикоиҳо яке аз муҳимтарин дарсҳои ибрати худро дар баландии 22 ҳазор поӣ гирифтанд.
Падофанди ҳавоии Эрон дар соли 2011 низ як паҳподи радаргурези Амрико аз навъи IQ – 170 ро раҳгирӣ ва дар баландии 22 ҳазор поӣ сарнагун кард.
Пойгоҳи хабарӣ ва низомии Нешнал Интрест, ахиран тайи гузорише дар баррасии тавонмандии ҳавоии Ҷумҳурии исломии Эрон навишт ; Системаи падофанди ҳавоии нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, муҷаҳҳаз ба ду системаи радари фавқипешрафтааст. Вуҷуд ин ду система, тавони муқобила бо нируи ҳавоии Эронро ба шиддат сахт мекунад ва метавонад кобӯси душман шавад; Чаро, ки нируи муҳоҷим ибтидо бояд роҳи ҳалле барои давр задани радарҳои Эрон пайдо кунад.
Қудрати дифоъӣ ва низомӣ аз муҳиммтарин абзорҳо барои ҳифзи амният , муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ ва посухи ба ҳангом ва фаврӣъ ба мутаҷовиз аст. Падофанди ҳавоӣ аз ин дидгоҳ илова бар онки як садди дифоъӣ маҳсуб мешавад,пуштвонаи қавӣ дар ҷиҳати боздорандагии низомӣ аст. Ин дастовардҳо нишон медиҳад, ки Эрон барои расидан ба худкифоии низомӣ ва истиқлоли амнияти худ, маътали рафъи таҳримҳо намешавад.